Ташкили гуруҳи дӯстии Парлумони Тоҷикистон бо Маҷлис –ал-умма
Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои Арабистони Саудӣ /Маҷлиси Шӯро/, Кувайт /Маҷлис -ал-Умма/ ва Эстония /Рийгикогу/ гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон медиҳад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, баррасӣ гардид. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро матраҳ намуданд. Дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳамзамон доир ба вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар бо интихобкунандагон, ки аз 30 апрел то 10 майи соли 2013 ҷараён гирифта буданд, гузориш дод.Аъзои Шӯро инчунин доир ба аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.8.22.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






