Таъсиси гуруҳи корӣ ҷиҳати омӯзиши афкори ҷомеа вобаста ба ҷазои қатл
Душанбе, 10 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷўӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки 10 июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Муҳамадато Султонов-котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро ҳамзамон масъалаи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба таҳлил ва омӯзиши афкори ҷомеа нисбат ба ҷазои қатл ва муроҷиати раиси палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилором Тошмухамедова вобаста ба вазъи экологӣ дар минтақаи КВД «Талко»-ро матраҳ намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа тамоми масъалаҳои баррасигардида, ҷиҳати муҳокима ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки 13 июн дар Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод карда шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






