Таваҷҷуҳи «Bereket Enerji» ба захираҳои гидроэнегетикии Тоҷикистон
Анқара, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, коркарди маъдан, бунёди санаторияҳои табобатӣ ва сохтмони корхонаҳои тавлидоти озуқаворӣ дар мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо муовини раиси ширкати “Bereket Enerji” Алӣ Яғлӣ, 14 июни соли ҷорӣ дар Анқара баррасӣ гардиданд. Аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки муовини раиси “Bereket Enerji” алоқамандди худро ҷиҳати ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ- барқӣ баён намуда, қайд кард, ки омодааст барои шиносоӣ аз наздик бо фазои сармоягузорӣ ва захираҳои гидроэнегетикӣ бо ҳайати махсус ба Тоҷикистон сафар намояд. Бояд зикр кард, ки ширкати “Bereket Enerji” яке аз ширкатҳои бузургтарини “Bereket Grup” аст, ки он иборат аз ширкатҳои мухталиф, аз қабили «Aydem Elektrik» , «Bereket Icotermal», «Tumas Mermer» ва «Aytas» мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






