Таваҷҷуҳи ИМА ба конҳои унсурҳои кимиёвии Тоҷикистон
Душанбе,12 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- 11-уми июн сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати кишвар Азим Иброҳим бо мушовири Хадамоти геологии ИМА Марк Михаласка масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти инкишофи конҳои унсурҳои кимиёвии нодир,аз қабили лантан, иттрий ва дигар конҳои табиии Тоҷикистон барраси намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Саридораи геология хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкорӣ ва марҳилаи аввали корҳои хулосабардорӣ ва натиҷагирӣ аз маводи бойгонӣ, инчунин интихоби объектҳои ояндаро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар фарҷоми мулоқот Протоколи ҳамкорӣ миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти геологии ИМА ба имзо расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






