Таваҷҷуҳи JICA ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо роҳбари қаблӣ ва роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Ҷиро Иида ва Казуя Суэта 25 июн дар шаҳри Душанбе доир гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд, Н. Зоҳидов барои саҳми ин Агентӣ дар рушди соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, шабакаҳои нақлиётӣ ва обтаъминкунии аҳолии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро баҳри таҳкими ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи мутақобилан судманд таъкид намуд. Дар фарҷоми мулоқот Н. Зоҳидов аз Ҷ. Иида, ки адои вазифаи роҳбари JICA-ро то кунун бар зимма дошт, барои фаъолияти босамар ва саҳми назаррасаш сипосгузорӣ намуд ва инчунин ба роҳбари навтаъйиншудаи он таманниёти нек ва комёбиҳо дар адои вазифаи нав изҳор намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






