Таваҷҷуҳи Сямэн ба бунёди корхонаҳои муштарак дар Душанбе
Душанбе, 21 июн АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лю Кэтсин -мири Сямэни Чин дирӯз бо ҳамтои тоҷикаш -Маҳмадсаид Убайдуллоев дар форуми тиҷоратии соҳибкорони Душанбею Сямэн иштирок намуда, ҷанбаҳои ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи судмандро дар самти равобити иқтисодию тиҷоратӣ пешниҳод намуд. Дар ҳамоиши тиҷоратӣ, ки доираҳои калони соҳибкорони тоҷику чинӣ ҳузур доштанд, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳахои мухталиф бо ҷалби сармоягузорони Сямэн баррасӣ шуданд. Доираҳои тиҷоратии Сямэн дар самти ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии худро бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш баён доштанд.Ёдовар мешавем, ки Лю Кэтсин -мири Сямэни Чин баъди анҷоми сафари нахустини расмии худ аз пойтахти Тоҷикистон -Душанбе субҳи имрӯз ба Санк-Петербурги Русия рафт. Лю Кэтсин зимни сафари якрӯзаи худ ба Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев вохӯрда, маҷмӯи васеи масъалаҳои тавсеаи равобити Душанбею Сямэнро баррасӣ кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






