Тоҷикистон бо терроризм муборизаи беамон мебарад
Душанбе, 12 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 июни соли 2013 иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муқовимат ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм, аз ҷумла — Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» мавриди баррасии аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта ҷонибдорӣ гардиданд. Зимни тавзеҳи масъалаҳои зикргардида раисони Кумитаҳои палатаи болоии Парлумони мамлакат Сайидмурод Тағоев ва Бахтиёр Худоёров зикр карданд, ки қонунҳои мазкур аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ба Парлумон пешниҳод гардида, ҳадафи онҳо такмили қонунгузории кишвар,иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм ва муборизаи беамон бо зуҳуроти нангин -терроризм мебошад. Мавриди зикр аст, ки қаблан Қонунҳои зикргардида, аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат-Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардида буданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






