Тренинг аз рӯи масъалаи тафтиши ҷинояткориҳои коррупсионӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). – 18 июн дар шаҳри Душанбе тренинг оид ба масъалаи усулҳои ошкор ва тафтиш намудани ҷинояткориҳои коррупсионӣ анҷом ёфт. Коршиноси байналмилалии бахши тафтиши ҷинояткориҳои коррупсионӣ иштирокдорони тренингро бо усулҳои тафтиш ва ҷамъоварии маълумоти тафтишотӣ дар мавриди коррупсия шинос намуд. Дар семинари дурӯза, ки бо ибтикори маркази САҲА доир шуда буд, 10 нафар мутахассисони Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ иштирок доштанд.Семинар дар ҳошияи барномаи САҲА барои мусоидат ба афзун намудани тавоноии хидматчиёни давлатии ҶТ дар амри истифодаи судманд роҳандозӣ шуд.Дар ин бора аз Маркази САҲА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






