Вазъи сиёсиву иқтисодии Суғд дар меҳвари мулоқотҳои М. Мюллер
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-25 июн роҳбари дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Маркус Мюллер бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.Роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон нахуст бо муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов мулоқот орост.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши равобит миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо сухан карда, перомуни вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд, таъсиси ҷойҳои корӣ барои занону ҷавонон, масоили гендерӣ ва ғайра суҳбат намуданд.Мавриди зикр аст, ки Маркус Мюллер дар идомаи сафари худ бо раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов низ мулоқот намуда, аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид ба амал меовард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






