Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати Лаҳистон

Июнь 6, 2013 15:12

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»).- 5 июни соли 2013 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо ҳайати Ҷумҳурии Лаҳистон бо сарварии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар хонум Катаржина Пелческа-Налеч баргузор гашт. Хонум Пелческа-Налечро Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд Марян Пшездзетски ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз татбиқи лоиҳаҳои иқтисодие, ки бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд. Масъалаҳои рушди ҳамгироии минтақавӣ ва дурнамои вазъият дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи қувваҳои эътилофи зиддитеррористӣ аз ин кишвар дар соли 2014 низ мавриди табодули назари ҷонибҳо қарор гирифтанд. Зимни мулоқот тасмими ду кишвар ба роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ таъкид гардид.

Июнь 6, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад