Вохӯрии Н. Зоҳидов бо ҳайати Мактаби миллии сиёсати давлатии Покистон
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»).- 5 июни соли 2013 дар ҳошияи ташрифи ҳайати Коллеҷи миллии менеҷменти Мактаби миллии давлатии Покистон ба Душанбе вохӯрии ҳайати мазкур бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов баргузор гардид. Ҳайати мазкур аз намояндагони мақомоти корҳои хориҷӣ, полис, андоз, гумрук ва ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Покистон иборат буд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами минтақавӣ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






