Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Фаронса
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар»).- 3 июни соли 2013 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ ва терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо инчунин мавзӯи хуруҷи низомиёни Фаронса аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014-ро муҳокима намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






