Қарзҳои музди меҳнати кормандони Хатлону Суғд пурра пардохт гардид
Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи даромади Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 101 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми умумии даромади он 5,2 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба нақша 48,4 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 929,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов. Иҷрои нақшаи даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ 100,2 фоиз, буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 101 фоиз ва буҷаҳои маҳаллӣ ба андозаи 105 фоиз таъмин шуданд. Қисми хароҷоти Буҷаи давлатӣ дар доираи воридоти воқеии даромади буҷа амалӣ гардида, иҷрои он ба андозаи 92 фоиз таъмин ва ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 4,6 миллиард сомонӣ равона гардид.Дар шаш моҳ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ зиёда аз 6,8 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, оилаҳои камбизоат, шахсони ятиму бепарастор ва расонидани кӯмаки яквақтаина ба собиқадорони ҷангу меҳнат равона шудаанд, таъкид намуд вазири молия . Ӯ инчунин иброз намуд, ки камбудиҳои алоҳида низ ҷой доранд, аз ҷумла бо сабаби иҷро нагардидани буҷаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва буҷаи ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд дар ноҳияҳои мазкур қарздории якмоҳаи музди меҳнати кормандони ташкилотҳои алоҳидаи буҷавӣ ба вуҷуд омад ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, имрӯз ҳамаи қарзҳои музди меҳнат, аз ҷумла рухсатии омӯзгорони ноҳияҳои мазкур пурра пардохт шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






