Ҳадафи вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат масоили муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва анъанаву суннатҳои миллии тоҷикӣ, татбиқи қонунҳои миллӣ ва дигар мавзуоти мушаххасро баррасӣ намуд. Президент иброз намуд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фархангӣ, махсусан арзишҳои дини мубини ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисози фарҳанги исломӣ таъкид намуд, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.ба иловаи Президент, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон мебошад. Пас аз суханронӣ, ки бештар ба роҳҳои беҳтар гардонидани вазъи маишии аҳолии мамлакат ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои марбута нигаронида шуда буд, миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат мубодилаи афкор ва пурсишу посух сурат гирифт.Гуфтанист, ки мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат рӯзи 4-уми июли соли ҷорӣ баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон диор ба ҳадафи ин дидор гуфт, «Ҳадафи вохӯрӣ бо шумо пеш аз ҳама, ташкили ҳарчи беҳтари корҳо дар самти ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзишҳои фарҳангиву динӣ барои боз ҳам устувор намудани вазъи муътадили имрӯза ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар мебошад»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






