Ҳар ки хандонад ятими хастаро….
Суғд, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар иҷрои вазифа ҳалок гаштаанд, бевосита дар маркази таваҷҷуҳи вазири корҳои дохилӣ, генерал — лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов қарор дорад. Чанде пеш дар факултети №4 — и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули довталабон чорабинӣ гузаронида шуд. Бо супориши вазири корҳои дохилӣ бо довталабоне, ки падаронашон ҳангоми хизмат ҳалок гаштаанд ва ё бепарасторанд, дар якҷоягӣ бо хешони наздики онҳо суҳбати кушод гузаронида шуд. Суҳбати кушод пас аз супоридани ду имтиҳон аз фанҳои тарбияи ҷисмонӣ, забон ва адабиёти тоҷик (хаттӣ) сурат гирифт. Пас аз суҳбат сардори академия ба пайвандони онҳо таъкид кард, ки ятимону бепарасторон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти академия қарор хоҳанд гирифт ва аз рўи имкониятҳои мавҷуда ба онҳо ҳамеша кўмак расонида мешавад. Ҳамин тавр, шаш нафар довталаб бидуни озмуни ҷамъбастӣ ба сифати курсанти курси якуми Академияи ВКД ҶТ қабул карда шуданд ва соли равон дар маҷмуъ дар факултаҳои академия 28 нафар фарзандони кормандони ҳалокгашта, ятимону бепарасторон ва хатмкунандагони мактаб-интернатҳо ба сафи курсантони ин таълимгоҳи ВКД ҷумҳурӣ пазируфта шуданд. Роҳбарони академия тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ ҷиҳати дастгирии ин гуна курсантон ва баҳри рушди малака ва дониши онҳо саҳмгузор бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






