Ҳолати техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ ташвишовар будааст

Июль 12, 2013 14:18

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар).-«Дар миқёси ҷумҳурӣ аз 65 адад партовгоҳи сахти маишии мавҷудбуда танҳо безараргардонии 4 партовгоҳ аз ҷумла, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов ва Ёвон ба роҳ монда шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ин кор қисман ташкил карда шудаст»- зикр намуд директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов зимни нишасти матбуотӣ. Номбурда афзуд, ки баҳри ободонии партовгоҳ ва ташкили коркарди партовҳои сахти маишӣ КВД «ХМК» лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия намуда, барои маблағугзорӣ ба ташкилотҳои хориҷӣ пешниҳод намудаааст. «Айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд ва маблағғузории лоиҳаҳои музкур аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфт» -гуфт ӯ.Ба иттилои А. Тағоймуродов , имрӯз ҳолати техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ монда, ин масъала ҳалли оҷилии худро тақозо дорад. Тағоймуродов гуфт, аз шумораи умумии техникаҳои махсуси коммуналӣ, ки 859 ададро ташкил медиҳанд, ҳамагӣ 480 адади он коршоям аст. Чунончи дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар 6 моҳи соли равон зиёда аз 2300 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматӣ, 636 метр қубурҳои оби нӯшокӣ, 1, 7 ҳазор метри мураббаъ роҳу роҳравҳо, 1200 м хатҳои барқро таъмин карда, даҳҳо таҳхонаҳоро аз об тоза кардаанд.

Июль 12, 2013 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!