Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар Роғун
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Тибқи маълумоти Осиямоҳ Давлатова, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун дар қаламрави шаҳр 1098 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 3 адад хоҷагии ёрирасон, 2 адад кооперативи истеҳсолӣ ва 1 хоҷагии давлатии «Ҷангал» фаъолият дорад. Масоҳати умумии заминҳои корами шаҳр 2376 гектарро ташкил дода, кишти умумии зироатҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2318 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 га зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар атрофи шаҳр 6260 бех дарахтони мевадиҳандаи гуногун дар майдони 24 гектар ҳамчун «Боғи умумишаҳрӣ» бунёд шуданд. Хоҷагиҳои кишоварзӣ 25 гектар боғҳои куҳнаро аз нав барқарор намуданд. Дар нимсолаи аввали соли равон, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла; гӯшт 363 тонна, шир 874 тонна, тухм 500 ҳазор донаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 23 тонна, шир 51 тонна, тухм 31 ҳазор дона зиёд мебошад. Зиёда аз 3 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои сохтмончиён ва аҳолӣ ташкил шуд, ки нархи ҳамаи маҳсулот нисбат ба нархи бозор то 30 % арзон буд. Инчунин ба 98 нафар бекорони дар қайд буда роҳхат барои касбомузӣ дода шуд. Ба онҳо касби муҳосиб бо дониши компютерӣ, муҳосиб- коргузор ва дӯзандагӣ омӯзонида мешавад. Инчунин 150 нафар тавассути «Шаҳодатномакунонӣ» дар ҳамкорӣ бо КВД «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






