Азнавсозии утоқҳои маркази зиддисилии шаҳри Кӯлоб
Кӯлоб, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо ташаббуси роҳбарияти беморхонаи вилоятии зидди бемориҳои сили минтақаи Кӯлоб ва бо мақсади пешгириву табобати бемории сил, инчунин беҳтар намудани шароити беморон дар шуъбаҳое, ки дар ҳолати саддамавӣ қарор доштанд, корҳои таъмиру барқарорсозӣ шуруъ гардидааст. Тибқи иттилои директори марказ Раҳматулло Ҷумъаев масъулин тасмим гирифтанд, ки баъди ба анҷом расидани таъмири шуъбаҳо ба таъмири умумии шуъбаҳои якум ва дуюми амрози даруна ва шуъбаи кӯдакона оғоз намоянд. Гуфта мешавад, маркази зидди бемории сил дорои 2 гектар замини хоҷагии ёрирасон буда, дар он сабзавот ва зироатҳои полезӣ кишт карда шудааст, ки аз маҳсулоти он беморону табибони беморхона истифода мебаранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






