Ба кор шурӯъ намудани шифохонаи Канзи Шифо дар ноҳияи Вахш
Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар хоҷагии деҳқонии Кӯлоби ноҳияи Вахш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳ ва шифохонаи хусусии Канзи Шифо низ ба кор шурӯъ намуд.Чунонки иттилоъ доданд, ин муассисаи деҳотии тиббӣ аз 5 утоқи муоина, аз ҷумла ташхиси ултрасадоӣ, санҷиши барқии кори дил, амрози занона, дандонпизишкӣ ва озмоишгоҳи кимиёӣ иборат буда, ҳамчунин дорои 12 кати хоб мебошад. Ояндаи наздик шумораи катҳои хоб ба 22 адад расонда мешавад. Дар ин муассиса ҳоло 22 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






