Баррасии татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат –Ёвон дар ҳузури О. Оқилов

Июль 26, 2013 10:43

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаи иншооти зарурии сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа қитъаи Ваҳдат –Ёвон машварати корӣ доир шуд. Тавре ки таъкид шуд, роҳи мазкур ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии роҳи оҳан дар мамлакат мусоидат намуда, барои пешрафти иқтисодиёт ва беҳдошти ҳаҷми боркашонӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад. Барои татбиқи лоиҳаи сохтмони нақб ва пулҳои роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат –Ёвон ва дарёфти манбаъҳои маблағгузории он гуфтушунидҳо бо сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмони роҳи мазкур дар айни замон дар асоси лоиҳаи қарзии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нақша гирифта шудааст. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳо дахлдори мамлакат ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро вазифадор кард, ки барои гузаронидани корҳои асосноккунии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нақбу пулҳои роҳи оҳани мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, раванди музокироти дуҷонибаро барои бастани қарордоди маблағгузорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин вусъат бахшанд.

Июль 26, 2013 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад