Бонки ҷаҳонӣ дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Шӯрои роҳбарони Бонки ҷаҳонӣ имрӯз маблағи грантиро дар ҳаҷми 19,8 миллион долл.ИМА барои «Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки ба беҳтар намудани солимии модар ва кӯдак аз ҳисоби вусъатдиҳии фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти Тоҷикистон равона шудааст, 30 июл дар Вашингтон ба тасвиб расонид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур дар доираи гранти иборат аз 15 миллион долл.ИМА, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллаии рушд (АБР) ва 4,8 миллион долл.ИМА аз ҳисоби Фонди мақсадноки мултидонорӣ оид ба таҷдиди натиҷаҳои саломатӣ пешниҳод шудааст, маблағгузорӣ мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагиро дар ҳаҷми 3,20 миллион долл.ИМА ба лоиҳа ҷудо намуд.Лоиҳа ба беҳсозии натиҷаҳои хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд тавассути амалӣ намудани тадбирҳои зерин равона шудааст: 1) таҷриба намудани истифодаи омилҳое, ки ба натиҷаи фаъолият дар муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ асос ёфтаанд, 2) омӯзонидани духтурон ва ҳамширагони кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ, 3) барқарорсозӣ ва таҷдиди иншооти алоҳидаи кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ ва таъмин намудани таҷҳизоти асосии тиббӣ ва, 4) баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи марказӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ бо мақсади идора ва татбиқи нақшаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият.Лоиҳаи пешниҳодшуда дар ҳашт ноҳияи Тоҷикистон бо фарогирии 1млн. 860ҳазор нафар, ки тақрибан 25 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад, амалӣ хоҳад шуд. Аз соли 2000 инҷониб Бонки ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистонро дар таҳкими соҳаи тандурустии кишвар тавассути барномаҳое, ки ба ҷорӣ намудан ва татбиқи ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ мусоидат менамоянд, аз ҷумла маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалии санитарию тиббӣ, таҳкими иқтидори кормандони соҳаи тиб ва барқарорсозии инфрасохтор дастгирӣ менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






