Боздиди Э.Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди ноҳияи Шаҳринав
Душанбе, 20 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар оғози ҳудуди маъмурии ноҳияи Шаҳринав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди ин ноҳия дидан кард.Тавре аён гардид, дар ин ҷо намунаҳо аз 35 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҳоло дар майдонҳои кишти ин ноҳия ба назар мерасад ҳамчунин чорвои хурду калони ҷамъиятӣ ба намоиш бароварда шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хос ба намудҳои хушзоту сермаҳсули чорвои калони шохдор, аз ҷумла зоти сиёҳало, гӯсфанди ҳисорӣ ва аспи зоти тозаи тоҷикӣ дастур дод, ки саршумори чунин чорворо зиёд карда, дар тамоми қаламрави кишвар паҳн намоянд.Чунонки иттилоъ доданд, имсол аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳринав дар 8091 га ғалладона ва дар 1153 га сабзавот кишт намуда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ кардаанд. Ба ташкили кишти такрорӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад, зеро фоидаоварии онро мардум аллакай хуб эҳсос намудаанд. То имрӯз дар майдони 1137 га кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки баробар ба 97% нақшаи дурнамо аст.Аз ин ноҳия то имрӯз 3500 тонна сабзавот ва 510 тонна меваҷот ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






