Чин дар самти мубориза бо мухаддирот дар Тоҷикистон бетараф нест
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имӯз Ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии ҶМСУ Ҷумҳурии Халқии Чин бо роҳбарии муовини сардори Департамент Дилмурод Абдурашид бо мақсади шиносоӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Тавре ки аз Агентии мазкур хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба меҳмонон муаррифӣ пешниҳод намуд.Роҳбари АНМН оид ба тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир анҷом медиҳад, инчунин дар бораи дастовардҳо ва дурнамои инкишофи Агентӣ ба ҳайати меҳмонон маълумоти муфассал дод. Инчунин қайд гардид, ки ҳамкориҳои байни АНМН ҶТ ва ДБҶ ҶХХ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, пеш аз ҳама ба манфиати халқҳои бародару дӯст хизмат намуда, барои таъмини бехатарӣ дар минтаъқа равона гардидаанд. Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки ҳуҷҷатҳои дар солҳои охир баимзорасонидаи байни ду идора, аз ҷумла Созишномаи моҳи сентябри соли 2006 «Дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо» ба имзо расида, байни АНМН ҶТ ва ДБҶ ҶХХ барои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо таҳдидҳои мухаддиротӣ такони нав дод. Дар навбати худ ҷаноби Абдурашид ёдовар шуд, ки Ҳукумати Чин дар масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, махсусан дар Тоҷикистон диққати махсус медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






