Данғара: «Иҷрои нақша-101%»
Данғара, 23 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Данғара раиси ноҳия Маҳмадулло Сайдалиев аз вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия хабар дода гуфт, ки таҳлили ҷараёни тараққиёти иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки нақшаи қисми даромади буҷаи ноҳия дар ин давра ба 25 млн. 482 ҳазору 272 сомонӣ расонида шуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 млн. 482 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфта, 101% -и нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти истеъмолӣ дар ноҳия афзоиш ёфта, инчунин корхонаҳои хурди саноатӣ аз ҷониби соҳибкорон дар ноҳия бештар таъсис ёфтанд. Зикр гардид, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилии ноҳия 7 млн. 721 ҳазору 272 сомонӣ андоз ба буҷаи ноҳия даромад шудааст, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 1 млн. 543 ҳазору 261 сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






