Дар истгоҳҳои Маскав гузаргоҳҳои назорати муҳоҷиратӣ насб мешудааст
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо таклифи иҷрокунандаи вазифаи мири шаҳри Москва Сергей Собянин дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва автовокзалҳои пойтахти Русия гузаргоҳҳои доимии назорати муҳоҷиратӣ насб карда мешаванд. Мувофиқи иттилои рӯзномаи «Российская газета» ин нуқтаҳои назоратӣ бо тамоми имкониятҳои техникии санҷиши оҷилии ҳолати воқеии вуруд ва будубоши шаҳрванди хориҷӣ, яъне бо базаи ягонаи маълумот таъмин карда мешаванд. Ба кормандони гузаргоҳҳо бошад, ваколати баровардани хулосаи фаврӣ нисбати ин ё он ҳолати қоидавайронкунӣ дода мешавад. Ҳамзамон Собянин қайд кардааст, ки минбаъд дар пойтахт рейдҳои ХФМ Русия бо ҷалби дружинаҳои халқии махсусгардонидашуда вусъат дода мешавад. Барои ин корҳо мири Москва пешниҳоди ХФМ Русияро оид ба тавсеаи имкониятҳои Марказҳои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дастгирӣ намудааст. Ҳамаи ин барои тақвият бахшидани чораҳо дар самти танзими вазъи муҳоҷират дар Маскав, вилояти Москва, Санкт Петербург ва вилояти Ленинград мебошад. Тағйироти дахлдори қонунгузорӣ дар ин хусус рӯзи 5 июл аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул шудааст ва расман аз 9 августи соли 2013 кувваи қонунӣ пайдо мекунад. Тибқи ин меъёри қонунгузорӣ, тавре иттилоъ дода будем, аз 9 август барои қоидавайронкунии меъёрҳои муҳоҷират дар минтақаҳои зикршуда ҳаҷми ҷарима афзоиш дода мешавад.Тибқи иттилои расмии ХФМ Русия ин тағйиру иловаҳо ба қонунгузории федералӣ асосан бо ташаббуси маъмурияти шаҳри Маскав таҳия ва татбиқ карда мешавад. ХФМ Русия иттилоъ додаст, ки дар давоми 3 соли охир шумораи муҳоҷирони хориҷӣ дар қайди муҳоҷиратии пойтахти Русия ба якуним маротиба афзоиш ёфтааст ва аксарияти ин рӯйхатро шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Кирғизистон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, аз аввали соли равон дар шаҳри Маскав 90 ҳазор ҳолати қоидавайронкунии муҳоҷиратӣ ба қайд гирифта шуда, барои 115 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо ҷурми гузаштани муҳлати будубош тавассути системаи таҳлилии ХФМ Русия ба таври автоматӣ вуруд ба ҳудуди Россия манъ карда шудааст. Масъулини ХФМ Русия то охири сол ин ракамро ба 400 ҳазор расонданианд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Котиби матбуотиНамояндагии ХМ дар ФР хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






