Дастаи 122-нафараи Тоҷикистон дар бозиҳои умумиҷаҳонии донишҷӯён ширкат хоҳад кард
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 6 то 17 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия бозиҳои умумиҷаҳонии донишҷӯён аз рӯи 40 намуди варзиш баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур иштироки 13000 варзишгари синну соли аз 17 то 28 сола аз 170 давлати ҷаҳон дар назар аст.Бори нахуст ширкати варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш пешбинӣ шудааст. Бо назардошти дастовардҳо ва таклифи мутахассисон барои иштирок дар ин чорабинӣ дастаи 122- нафараи Тоҷикистон ки 86 варзишгар, 28 мураббӣ, 2 довар ва 3 намоянда шомили он мебошанд, сафарбар хоҳад шуд. «Айни замон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ барои дар сатҳи касбӣ омода намудани варзишгарон ҷиҳати иштирок дар ин чорабини бонуфуз ҷамъомадҳои машқиву таълимии варзишӣ оид ба бокс, намудҳои гуштинӣ дзюдо, тарзи озод ва юнонӣ-румӣ пешбинӣ шудааст»- қайд гардид дар нишасти матбуотии кумитаи мазкур.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






