Эмомалӣ Раҳмон ба усули хизматрасонии “Харид ба воситаи кредит” баҳои баланд дод
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар»). — Дар деҳаи Чапаеви ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии бонкии “Тоҷиксодиротбонк” баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин раисони вилоят ва ноҳия, роҳбарияти ва масъулини дастгоҳи марказии бонк, кормандони маркази тозатаъсис ва меҳмонону сокинони ноҳия иштирок намуданд. Дар маркази хизматрасонии мазкур ҷиҳати таъмини аҳолии ҷамоати деҳот бо маҳсулот ва хизматрасониҳои муосири бонкӣ тамоми шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино ду мағоза, ки молҳои ниёзи мардум, аз қабили таҷҳизот ва техникаи идорӣ, навъҳои гунонгуни мебелро ба ниёзмандон пешниҳод менамоянд, дар ҳамкории бевосита бо маркази хизматрасонии бонкӣ амал менамоянд. Яъне, шаҳрвандон имкон доранд, бо истифодаи хизматрасонии “Харид ба воситаи кредит” ашёи зарурии худро дастрас ва маблағи онро дар давраи муайян пардохт намоянд. Сарвари Давлат ба ҷорӣ намудани ин усули хизматрасонии бонкӣ баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки аз он махсусан кормандони соҳаҳои маориф ва тиб ба тавре васеъ истифода хоҳанд кард. Бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази мазкур 20 нафар аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






