Гузоришҳои «Сафина» дар ҳалли мушкилоти мардум мусоидат мекунад
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар»).- Лутфулло Давлатов, Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки «Телевизиони Сафина » ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар шаш моҳи соли 2013-ум 30 маводи таҳлилӣ- интиқодӣ дар бораи масоил ва мушкилоти гуногуни ҷомеа таҳияву пахш намудааст, ки ба бархе аз онҳо масъулин вокуниш нишон додаанд. Директори «Телевизиони Сафина» ҳамчунин афзуд, ки дар асоси муроҷиати шаҳрвандон якчанд гузориши таҳлилӣ-интиқодӣ рўи эфир омада, барои ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар асоси муроҷиати 45 сокини деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рўдакӣ роҷеъ ба вайрон гардидани пули мошингузари маҳалла ва беэътиноии масъулин маводи таҳлилие омодаву пахш гардид ва дар мавриди ин гузориш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ ба «Телевизиони Сафина» вокуниш нишон дод. Лутфулло Давлатов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аз 30 маводи таҳлилию интиқодии дар эфир пахш гардида, ҳанӯз ба 8 адади он шахсони масъул вокуниш нишон надодаанд. «Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру нохияҳои Хуҷанд, Ашт, Истаравшан, Вахш, Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ва Раёсати назорати давлатии фаъолияти бойторӣ дар шаҳри Душанбе вокунишро интизорем»- илова намуд Лутфулло Давлатов.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






