Хизматрасонии хуб ба нафақагирон

Июль 23, 2013 14:18

Муъминобод, 23 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бинобар иттилои сардори раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Муъминобод Хайрулло Бозоров шумораи нафақагирон дар ноҳия зиёда аз 6215 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 3318 нафарашро нафақагирони пиронсол ташкил медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ талаботи нафақа дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6 млн. 624ҳазору 600 сомонӣ мебошад ва то ин дам нафақа аз тарафи раёсат пурра пардохта шудааст. Мавриди зикр аст, ки маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ таҳти назорати қатъии кормандони раёсат қарор гирифта, ба онҳо сари вақт хизмат расонида мешавад. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони раёсат оид ба ҳисоби дурусти хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ 43 санҷиш гузаронида шуд.

Июль 23, 2013 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид