Ифтитоҳи Аквапарки муосир дар деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази нави бозию дилхушиии обӣ-Аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт.Тавре зикр гардид, ин аквапарк бо як осоишгоҳи зебои замонавӣ дар 10 га замини соҳили рӯди Вахш аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии ширкати Эъмор бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ бунёд меёбад. То имрӯз барои омодасозии аквапарк ва оғози сохтмони биноҳои чорошёнаю шашошёна ва дигар иншооти ёрирасони осоишгоҳ беш аз 3 миллион сомонӣ сарф шудааст.Чунонки иттилоъ доданд, дар аквапарк ва осоишгоҳи нави ин мавзеъ зиёда аз 200 нафар соҳиби кор ва маоши баланд хоҳанд шуд.Тавре аён гардид, шодию нишоти кӯдакону наврасонро аз ифтитоҳи ин маркази обии бозию дилхушӣ ҳадду канор нест. Дар воқеъ аквапарк бо тарҳи хеле зебою назаррабо ва бо завқу салиқаи баланд сохтаву муҷаҳҳаз шудааст.Хотирасон бояд намуд, ки ин аквапарки муосир дар миёни шаҳрҳои Қурғонтеппаю Сарбанд дар ҳудуди ноҳияи Бохтар қарор дошта, аз он кӯдакону наврасони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи вилояти Хатлон метавонанд, баҳравар гарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






