Ифтитоҳи мактаби нави ҳамагонӣ дар ноҳияи Ҷ. Румӣ
Душанбе, 7 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 16 синфхона барои 800 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.Чунонки зикр гардид, ин мактаб аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия бунёд ёфта, мизу курсӣ ва бисёр ашёи дигари он аз корхонаҳои истеҳсолии ҳамин ноҳия харидорӣ шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар назди мактаб боз як бинои таълимӣ бунёд намоянд ва синфхонаҳои махсуси фанҳои физика, кимиё, биология ва дигар фанҳои дақиқро бо олоту воситаҳои техникӣ ва озмоишӣ таъмин намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






