Иморати сафорати Эрон ва прокуратураи шаҳриро тахриб мекунанд
Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 30 бино дар қисмати марказии Душанбе, аниқтараш қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Теҳрон, Пушкин, Бохтар ва Шота Руставелӣ дар оянда тахриб мешаванд. Ин тадбир бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»-и Маскав таҳия шудааст, амалӣ гардонида мешавад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расондааст. Аз ҷумла, бинои “Тоҷиктелеком”, Раёсати муҳофизати ғайриидоравӣ, бинои маъмурӣ ва дафтарҳои корӣ, бинои осорхонаи Гурминҷ Завқибеков, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маркази варзишии “Таэквандо”, мағозаю қаҳвахона, прокуратураи шаҳри Душанбе, сафоратхонаи Эрон, бинои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва 22 бинои истиқоматии аз 1 то 4 ошёна аз байн бардошта мешавад. Дар асоси ин қарор ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ муваззаф гардидаанд, ки соҳибмулкони бинову иншоот ва истифодабарандагони қитъаҳои замини кӯчаҳои мазкурро дар асоси талаботи қонунгузории кишвар огоҳ намоянд.15.24.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






