Имзои созишномаҳои грантию қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Ба иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз ҷониби вазорат 13 созишномаи грантию қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағи 923 миллион ба имзо расонида шуд, ки аз ин ҳисоб маблағҳои грантӣ 472 миллион сомонӣ ё 50 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳанд. Аз маблағҳои мазкур ба соҳаҳои маориф 47 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 346 миллион сомонӣ, энергетика 184 миллион сомонӣ, нақлиёт 179 миллион сомонӣ, тандурустӣ 29 миллион сомонӣ, хоҷагиии манзилию коммуналӣ 24 миллион сомонӣ ва барои мақомоти давлатӣ 114 миллион сомонӣ равона мегардад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






