Имзои ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти муҳоҷират ва Маркази исломӣ
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, санади мазкурро аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират Сардори Хадамот Сафиалло Девонаев ва аз ҷониби Маркази исломӣ раиси он Сайидмукаррам Абдуқодирзода ба имзо расонидаанд. «Дар асоси ин санад тарафҳо ҳамкориҳоро мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ, донистани фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, пешгирии бемориҳои сирояткунанда, муҳоҷирати меҳнатии занон ва ноболиғон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва эҳтиром ба марзу бум, инчунин омодагии пеш аз сафари корӣ ба хориҷа ба роҳ хоҳанд монд»-иброз дошт манбаъ. Тарафҳо инчунин доир намудани барномаву семинарҳо, конференсияҳо, вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва дигар ҷаласаҳои машваратӣ дар мавзӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва тайёрии касбӣ бо иштироки мутахассисон оид ба ташкил намудани сафарҳои муштараки корӣ бо мақсади бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва таҳлил намудани ҳолати будубоши муҳоҷирон дар хориҷа, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ фаъолияти корӣ доранд, мусоидат намудан ба рушди фарҳанг, таҳкими дӯстӣ миёни миллатҳо ва халқиятҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирони меҳнатӣ, эҳтиром ба қонунгузории давлатҳои якдигар, анъана ва урфу одати халқҳо, пурзӯр намудани корҳои итилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳои касбии техникӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳия ва чоп намудани маводҳои итилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба созиш расидаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






