Иштироки М. Неъматов дар ҷаласаи умумиҷаҳонии сайёҳӣ
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат).- Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҷиҳати иштирок дар 6-умин ҷаласаи байналхалқии кишварҳои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ва Шоҳроҳи Абрешим ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард. Ҷаласаи мазкур дар шаҳри Дунхуан, воқеъ дар қисмати шимолу ҷануби Чин 1-3 августи соли равон баргузор хоҳад шуд. Дар назар аст дар ҷаласа масоиле, назири мустаҳкам кардани мавқеи ин пайраҳаи таърихӣ, имкониятҳо ва дурнамои иқтисодии минтақа мавриди баррасӣ қарор гиранд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






