Истеҳсоли 7 миллиард кВт/ соат нерӯи барқ дар «Барқи Тоҷик»
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар нимсолаи аввали соли 2013 ШСХК «Барқи Тоҷик» 7 миллиард кВт/ соат нерӯи барқ истеҳсол намуд, ки нисбат ба соли гузашта 264 миллион кВт/ соат кам мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ба 6 миллиард 964 миллион кВт/ соат ва дар Маркази барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе ба 36 миллион кВт/ соат баробар шудааст,- гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини раиси «Барқи Тоҷик» Абдулло Қурбонов. Яке аз сабабҳои асосии нисбатан кам шудани ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ ин пеш аз ҳама аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» дар 6 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба миқдори 485,1 миллион кВт/соат кам шудани истифодаи энергияи барқ мебошад.Ҳаҷми хариди энергияи барқ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1491,3 миллион кВт /соатро ташкил дод, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта ба миқдори 333,3 млн. кВт/соат зиёд мебошад. Ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи ҳисоботӣ хариди энергияи барқро асосан аз ҶСК НБО-и Сангтӯда-1» ва НБО-и «Сангтӯда-2» дар ҳаҷмҳои мутаносибан 1114,7 миллион кВТ ва 374,6 миллион кВт соат амалӣ намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






