Куҳнавардони украинӣ баландтарин қуллаҳои Тоҷикистонро фатҳ карданиянд
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).-Рӯзи 22-юми июли соли ҷорӣ як гуруҳи 18 -нафараи куҳнавардони украинӣ бо роҳбарии сарвари Федератсияи куҳнавардони вилояти Донетск, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Ковалёв Сергей Викторович ва Олга Викторовна Гуз ба Тоҷикистон омаданд. Куҳнавардон зимни суҳбат иброз намуданд, ки мақсади сафари онҳо ба кишвари мо- ин фатҳи қуллаҳои баланди Тоҷикистон,аз ҷумла, қуллаи Исмоили Сомонӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ҳайат куҳканони зеризаминӣ низ ширкат доранд. Онҳо аз масофаи аз ҳама чуқури Донетск пораи ангишт гирифта, мехоҳанд онро дар яке аз қуллаҳои баландтарини олам қуллаи Исмоили Сомонӣ гузоранд.
Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» дар Украина Мирзо Асозода хабар дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






