Кумаки моддии Президент ба ятимони бе падару модари шаҳрҳои Қурғонтеппа Сарбанд ва чанде аз ноҳияҳои ин минтақа
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар бустонсарои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии судбахш анҷом дод. Инҳо ятимони кулл аз шаҳрҳои Қурғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Хуросон, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Ёвон мебошанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, ба хониши хубу аъло ва соҳиби касбу ҳунар шудан ҳидояташон кард. Ба хонандагони аз синфи 7 боло ва донишҷӯёни ятим, дар баробари дигар кумакҳо, яктогӣ планшет тақдим гардид.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






