Кумитаи ҳифзи муҳити зист маҳалҳоро пок месозад

Июль 16, 2013 16:38

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Ҷиҳати ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва соҳили дарёву каналҳо амалиётҳои умумиҷумҳуриявии ҳармоҳаи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида мешавад, ки ин ба раванди покдории муҳити зисти атроф мусоидат мекунад. Ин нуктаро Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ӯ зикр намуд, ки дар ҷараёни амалиётҳои мазкур бештар аз 184 ҳазор нафар сокинони маҳал, донишҷӯён ва кормандони корхонаҳову ташкилотҳо иштирок намуда, зиёда аз 1152 километр соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обанборҳо, ҷӯйборҳо ва дигар мавзеъҳои обҳои тозаро пок сохта, беш аз 7372 метри кубӣ партовҳои гуногун ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд.

Июль 16, 2013 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд