Лоиҳаи ҷадид барои сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон

Июль 22, 2013 16:37

Душанбе,22 июл. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар масъалаи қисмати сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, ки аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ то Панҷи поён 50 км-ро ташкил мекунад, аз ҷониби тоҷикистонӣ гуфтушунид рафта истодааст. Ин нукта имрӯз, 22-уми июл зимни нишасти хабарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зикр гардид.Бино ба иттилои манбаъ, пуле, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ин роҳро мепайвандад, 800 метро дар бар мегирад ва қисмати афғонистониаш 500 км ва тарафи туркманистонӣ 90 км мебошад.Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои лоиҳаи ин тарҳ аз ҷониби Тоҷикистон танҳо гуфтушунид рафта истодааст ва як лоиҳаи ҷадид низ пешниҳод шудааст, ки ин лоиҳа танҳо роҳи кӯтоҳро дарбар мегирад, ва аз ҷониби мутахассисон мавриди омӯзиш қарор дорад.Лоиҳаи сохтмони ин тарҳи роҳи оҳан аз ҷониби Туркманистон пурра то Мазори Шарифи Афғонистон омода шудааст ва дар ҳоли татбиқ қарор дорад, зикр гардид дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Июль 22, 2013 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад