Маросими хатми донишҷуёни гуруҳи қушунҳои дохилӣ дар Академияи ВКД
Суғд, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Санаи 29 июни соли 2013 дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулин ва собиқадорони соҳа маросими хатми курсантҳои гуруҳи қӯшунҳои дохилӣ баргузор гардид. Пас аз қироати фармон оид ба хатми курсантҳои гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ муовини сардори Академияи ВКД, полковник Х. Аминов ба сухан баромада, онҳоро аз номи роҳбарияти Академия табрик намуд. Ҳайати курсантҳо, хатмкунандагон ва кормандони факултет бо роҳпаймоии тантанавӣ аз назди минбар гузаштанд. Дар охири чорабинӣ аз тарафи курсантҳо лаҳзае аз баромадҳои гурӯҳи хушдилон ва ҳозирҷавобони факултет намоиш дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






