Муҳаммад Иқбол: «Тоҷикистон яке аз шарикони муҳими Покистон аст»
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -«Қабл аз оне, ки ширкатҳои тавлидотии сементи Покистон маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ бароранд, онро дар озмошгоҳҳо аз ташхис гузаронида, баъдан бо таъиди сифат ва гувоҳнома семент содирот мешавад», -гуфт дар ҷамъи хабарнигорон Муҳаммад Иқбол- намояндаи Ассосисатсияи корхонаҳои сементбарории Покистон дар Душанбе. Мавсуф афзуд, ки вақте мо хабари дар мавриди пастсифат будани сементи Покистон дар Тоҷикистонро тавассути расонаҳои хабарӣ шунидем, мутаассир гаштем. Зеро сементе ки корхонаҳои Покистон истеҳсол менамоянд, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонист. Намояндаи Покистон пастсифат будани маҳсулоти сементи корхонаҳои семантбарории кишварашро рад намуда, гуфт, ҳангоми интиқоли семент аз Покистон ба Тоҷикистон дар байн чандин шарикон ё диллероне ҳастанд, ки ба хариду фурӯши семент машғуланд, шояд онҳо корҳоеро ба анҷом расонанд, аммо мо аз он воқиф нестем. Аз ин рӯ, намояндагону мутахассисони ширкатҳои сементбарории Покистонро дар Душанбе ҷамъ овардем то бо шарикони тоҷики худ мулоқот намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ва бартараф намудани мушкилотро баррасӣ намоянд. Намояндаи Ассосиатсияи корхонаҳои тавлиди сементи Покистон афзуд, ки бо намояндагони Агентии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, ҳамчунин барои назорати сифати сементи Покистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ аз ҳар ду ҷониб комиссия ташкил гардидааст. Мавриди зикр аст, ки Покистон яке аз кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи семент дар ҷаҳон буда, аз лиҳози истеҳсоли семент дар радифи панҷ кишвари бузурги содироткунандаи семент қарор дорад. Покистон солона 44 миллион тонна семент истеҳсол намуда, онро ба 27 кишвари ҷаҳон, назири Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳиндустон , Ироқ, Шриланка ва дигар кишварҳои қораи Африқо содирот менамояд. Муҳаммад Иқбол дар анҷом Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз шарикони муҳим ва афзалиятноки Покистон хонд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






