Мулоқоти Э. Раҳмон бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ари Айзен
Душанбе, 10 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ари Айзенро ба ҳузур пазируфт.Дар оғози мулоқот Ари Айзен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи нави доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболовро шинос кард.Зимни суҳбат доир ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, роҳҳои муассири дастгирии байналмилалии омилҳои рушддиҳанда ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,5% афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,6%-ро ташкил додааст.Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки дар рӯй ба рӯйи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии беруна ба дастгирии байналмилалӣ ниёз дорад.Аз ин хотир, ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj»
дастрас намоед.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






