Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Камолиддин Фаттоҳ Гайдаров
Душанбе, 2 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Озорбойҷон Камолиддин Фаттоҳ Гайдаровро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот доир ба омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарии пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва тақвият бахшидани кори хадамотҳои наҷотбахшӣ, расонидани кӯмакҳои моддию техникӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа табодули афкор сурат гирифт.Дар мулоқот ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Озорбойҷон дар соҳаҳои гуногуни барои ҳар ду ҷониб афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуда зарурати фаъолгардонии кори комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ махсус таъкид гардид.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






