Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Қатар
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, 11 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Ал-Ҳоҷирӣ мулоқот дошт. Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муовини Вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Давлати Қатар ба ҳамкориҳои миёни ду кишвари дӯст таваҷҷуҳи хоса дорад ва барои суръат бахшидан ба инкишофи минбаъдаи онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешавад. Масъалаи дигаре, ки дар суҳбат матраҳ гардид, ин баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид дар таърихи 20 — 21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Сафири Тоҷикистон аз роҳбарияти Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар ин Ҳамоиш даъват ба амал овард.Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хоричӣ ҷониби Қатар нисбати ин даъват бо як таваҷҷуҳи хоса назар намуда, гуфтааст, масъалаи об яке аз проблемаҳои муҳими Давлати Қатар, инчунин тамоми инсоният мебошад. Зикр шуд, ки барои иштироки ҷониби қатарӣ дар ин чорабинӣ тадбирҳои мушаххас андешида хоҳад шуд.Ҳамчунин, тарафҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори итминон намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






