Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Бишкек дар доираи сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон, мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.«Дар оғоз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай муваффақият хоста, изҳори умед кард, ки ҷаласаи мазкур натиҷаҳои самарабахш хоҳад дод»- омадааст дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ. Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкории сарҳадӣ баррасӣ намуданд. Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки гузаронидани мулоқотҳои мунтазам дар сатҳҳои гуногун барои муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба зарур мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






