Намояндагони Ҳизби коммунистии Чин бо фаъолони ҲХДТ мулоқот мекунанд
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар” Фарзонаи Давлат).- Дар доираи ҳамкориҳо миёни Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин имрӯз, 5-уми июл ҳайати бонуфузи намояндагони ҳизби мазкур таҳти роҳбарии аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии ҲКЧ, аъзои Котиботи Кумитаи Марказии ҲКХ, мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи Марказии Ҳизб ҷаноби Чжао Летсзи ба Душанбе ташриф оваранд. Дар ин бора Адҳам Мирсаидов, роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи марказии ҲХДТ иттилоъ дода гуфт, ки меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини якуми РаисиҲХДТ Сафар Сафаров, Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Махфират Хидирова ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Гуфта мешавад, ки сафари ҳайати бонуфузи намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин дар Тоҷикистон ду рӯз идома ёфта, дар доираи сафар мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти олии ҲХДТ, вохӯрӣ бо фаъолони ҳизб, боздид аз Литсейи президентӣ ва ифтитоҳи таҷҳизоти инноватсионӣ ва шиносоӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






