Нишасти матбуотии Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Масъулини Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб бо намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир намуданд. Сардори раёсат Ҷурабек Қурбонов зимни ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки шумораи нафақагирон дар минтақа 78 ҳазору 216 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 18 ҳазору 76 нафари онҳо ба воситаи корти пластикӣ нафақаи худро дастрас менамоянд. Инчунин, зикр гардид, ки талаботи нафақа дар шаш моҳи соли ҷорӣ 84 м 873 ҳ 100 сомонӣ буда, то ҳол қарздории нафақа боқӣ намондааст. Ба иловаи мавсуф масъулини раёсат аз сабаби сари вақт пардохт накардани саҳми суғурта дар 207 ташкилоту муассиса санҷиш гузаронида, дар натиҷа ба 398 шахси ҳуқуқӣ огоҳинома доданд ва 102 ҳуҷҷати дорои камбудиро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кардаанд. Дар охир хабарнигорон тавонистан ба суолҳои худ посухи мушаххас бигиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






