Осоишгоҳи «Харангон» дӯстдоштанист…
Варзоб, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Сафи дӯстдорон ва истироҳаткунандагони Осоишгоҳи ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб сол то сол меафзояд, зеро ин мавзеи дилпазир бо табиати биҳиштосо, бо усулҳои замонавии табобатгоҳ ва бо муомилаи хуши кормандонаш сафи мизоҷонро меафзояд. Сарвари осоишгоҳ Зувайдулло Валиев баҳри ободию зебоии ин ҷо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Имсол дар ҳудуди осоишгоҳ зиёда аз ҳазор бех дарахти гуногун, аз ҷумла гулҳои зебо шинонда шуд, ки ҳусни осоишгоҳро меафзояд. Ёдовар мешавем, ки муассисаи мазкур 6 майи соли 2005 бахшида ба 60- солагии Ғалабаи Бузург бар фашизм ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамасола зиёда аз 600 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва афроди дигари ҷомеа сиҳатии хешро дар ин ҷо барқарор менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






