Рамазон – моҳи нузули Қуръон
Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи тадқиқоти илмӣ, ки онро Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар анҷом додааст, моҳи шарифи Рамазон ба Тоҷикистон пас аз ғуруби офтоб, яъне шоми 8 –уми июл даромад. Аз ин рӯ, шаби 8 июл дар кулли масҷидҳои кишвар намози таровеҳ барпо гардид, ки он барои мусулмонони Тоҷикистон пайёме буд, аз оғози моҳи мубораки Рамазон. Моҳи шарифи Рамазон, ки 30 рӯз идома меёбад, аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист, ки дар тақвими исломӣ баъди моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол медарояд. Шариф ва муқаддас будани моҳи Рамазон барои мусулмонони ҷаҳон дар он аст, ки дар ин моҳи муборак Худованд барои бандагонаш китоби осмонӣ –Қуръони азимушшаънро нозил намудааст. Дар ин моҳ мусулмонон аз субҳ то шом рӯза дошта, ибодат менамоянд, аз корҳои ғайришаръӣ дурӣ меҷўянд, қалбу руҳ ва ҷисми худро аз ҳар гуна зиштиҳо пок сохта, ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз менамоянд. Бошад, ки моҳи мубораки Рамазон барои тоҷикону Тоҷикистон моҳи пешрафту шукуфоӣ гардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






